боғаразона — [باغرضانه] аз рӯи ғараз, бо нияти бад (барои манфиати худ), муғризона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беғараз — [بي غرض] 1. он ки дар коре манфиати шахсии худро ба назар намегирад, бетамаъ: дӯсти беғараз 2. ниг. беғаразона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бетарафона — [بي طرفانه] 1. холисона, беғаразона 2. дахолат накарда, мудохила накарда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дил — [دل] 1. узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд 2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мунсифона — [منصفانه] кит. боинсофона, бовиҷдонона, аз рӯи инсофу адолат; беғаразона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нохун — [ناخون] моддаи шохӣ, ки нӯги ангуштони дасту пои инсон ва ҷонваронро мепӯшонад; аз нохуни пой то мӯи сар сар то пои бадан; монанди (чун) гӯшту нохун хеле зич ва ногусастанӣ (мас., муҳаббати инсон ба ватан); нӯги нохун барин а) заррае андаке; б)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
обйективӣ — [آبئيکتيوي] 1. фалс. он чи хориҷ аз мо ва иродаи мо мавҷуд аст: воқеияти обйективӣ; сабаби обйективӣ 2. мунсифона, беғаразона, бетарафона 3. холисӣ, беғаразӣ дар баҳо додан ба чизе ё муҳокима рондан дар бораи чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
обйективона — [آبئيکتيوانه] холисона, беғаразона, бетарафона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
покбозӣ — [پاک بازي] кит. ошиқи садоқатмандона, муҳаббати беғаразона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
покдилона — [پاک دلانه] софдилона; самимӣ, беғаразона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ